Иттилоия

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№127 (3764) 28.10.2017

37919748011_33e37f05b6_o25 октябри соли 2017 дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баргузор гардид.

Нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо сабаби ба кори дигар гузаштан Назризода Саидраҳмон Рустам аз вазифаи муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Завқизода Завқӣ Амин муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Тибқи қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадоиён Шокирҷон Гадо аз вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» озод ва Саидзода Муҳаммадтоҳир директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор» таъин гардид.

Сипас, «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли 2017», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ва «Дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019 — 2020» ҳисоботи вазирони рушди иқтисод ва савдо ва молияи ҷумҳурӣ шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба 42,4 миллиард сомонӣ ва рушди воқеии он ба 6,8 фоиз баробар шуд.

Қисми умумии даромади Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 100,3 фоиз иҷро ва ба буҷет 14,1 миллиард сомонӣ маблағ ворид гардид. Ин нишондод нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 33,2 фоизро ташкил дод. Дар нуҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана ба 13,9 миллиард сомонӣ расид.

Истеҳсоли неруи барқ дар давраи ҳисоботӣ 13,7 миллиард киловатт/соатро ташкил карда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 469,3 миллион киловатт/соат афзоиш ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки новобаста аз мусбат ҷамъбаст гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, захираву иқтидорҳои истифоданашуда дар ҷумҳурӣ ҳоло ҳам ба назар мерасанд.

Бинобар ин, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки барои расидан ба ҳадафҳо, иҷрои саривақтию босифати дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, татбиқи нақша — чорабиниҳо, коҳиш додани таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти мамлакат, бояд аз тамоми имконият самаранок истифода намоянд.

Дар маҷлис лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020», «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2020-2021», «Дар бораи омодагӣ ва амалигардонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», солҳои 2018 – 2028» мавриди баррасии аъзои Ҳукумат қарор гирифтанд.

Лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017», «Оид ба ворид намудани тағйи­ру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

Барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ҳамчунин, 4 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ирсол гардид.

Дар бораи «Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2019», «Дар бораи дастгирии давлатии молиявии баъзе корхонаҳои энергетикии ҷумҳурӣ» ва «Оид ба нақшаи ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» низ қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Сипас, аъзои Ҳукумат ҳисоботи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон «Дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон»-ро шуниданд.

Ҳамчунин, дар маҷлис Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба корҳои ободонӣ дар шаҳри Душанбе «Озмуни ҷумҳуриявии корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сохтмони майдончаҳои варзиширо ба муносибати 26 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст намуд. Роҳбарияти якчанд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва донишгоҳҳои кишвар дар бахшҳои сохтмони беҳтарин майдончаи варзишӣ, ободонию кабудизоркунии кӯчаву хиёбон, бунёди гулгаштҳо ва сифати корҳо бо мукофотҳои арзишманди пулию молӣ қадр карда шуданд.

Ба ҳар як ғолиби озмун ҷоиза, ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ аз 5 то 30 ҳазор сомонӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Сарвари давлат зимни супоридани мукофотҳо ба сифати кори иштирокчиёни озмун баҳои баланд доданд. Бино ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ин иқдом агар, аз як тараф, ба ободонии пойтахти кишвар, зебову дилнишин гаштани кӯчаву хиёбонҳои он мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар, тадбири мазкур ҳамчун ғамхорӣ дар ҳаққи насли наврас, баҳри баланд бардоштани завқи зебоипарастии кӯдакон ва ба варзиш машғул шудану обу­тоб додани ҷисми онҳо хизмати арзанда мекунад.

Баъди ҷамъбасти озмун роҳбарияти 80 сохтору мақомоти давлатӣ бо ҳисси баланди ватандорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ аз худ ташаббус нишон дода, гуфтанд, ки аз ҳисоби даромади хеш дар маҳаллаҳои гуногуни пойтахт барои кӯдакону наврасон ва насли ояндасози ҷумҳурӣ майдончаҳои варзишии муосир бунёд менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба ин иқдоми шоиста баҳои баланд дода, таъкид карданд, ки бунёди иншооти варзишӣ дар дигар маркази ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ бисёр боманфиат аст.

Дар охир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои саривақтии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Ба раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки барои боз ҳам ободу зебо шудани шаҳри Душанбе ва шоҳроҳҳои наздишаҳрӣ аз ҳозир ҷиҳати шинонидани дарахтон, гулу буттаҳои ороишӣ дар хиёбонҳо ва иҷрои корҳои ободонию созандагӣ тадбирҳо андешанд.

Дастуру супоришҳо, ҳамчунин, ҷиҳати истифодаи оқилонаю самараноки неруи барқ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017 — 2018, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва захираи хӯрок­ворию маводи сӯхт дода шуд.

www.president.tj