Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

№66 (3051) 03.06.2013

IMG_7680

30 майи соли 2013 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» шунида шуд.

Тавре зикр гардид, тайи шаш соли амал қонуни мазкур ба дигаргунсозии тафаккури иҷтимоию фарҳангӣ ва динии мардум таъсири мусбӣ расонида, ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат намуд. Аз сабаби кам шудани хароҷоти тӯю маъракаҳо шумораи тӯйҳои хонадоршавии ҷавонон ду баробар афзун шуд. Дар ин муддат ҳаҷми пасандозҳои пулии аҳолӣ дар бонкҳо 20 баробар зиёд гардид, ки дар ин раванд ҳам нақши қонуни мазкур намоён мебошад.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки барои тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани фарҳанги сарфаю сариштакорӣ дар миёни аҳолӣ ин қонун нақши муассир мегузорад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баробари комёбиҳо, ҳамзамон аз риоя нашудани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби баъзе мансабдорон, соҳибкорон ва ходимони динӣ изҳори нигаронӣ карда, пешгирии чунин қонуншиканӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкорро талаб намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона» маъқул дониста, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  шуд. Ҳамчунин ба як зумра қонунҳои амалкунанда, аз ҷумла «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» тағйиру иловаҳо пешниҳод гардиданд.

Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 195 гектар замин барои васеъ намудани фонди заминҳои наздиҳавлигӣ ва сохтмони мактабу иншооти варзишӣ ҷудо гардид.

Дар поёни маҷлис Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки барои мустаҳкам нигоҳ доштани роҳҳои мошингарди минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва ҳам зебою дилкаш намудани муҳити онҳо аз ду ҷониби ҳамаи роҳҳо дар паҳноии то 100-200 метр боғу ҷангалзор бунёд карда шавад.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба иҷрои вазифаҳои ҳангоми мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷавонон муайяншуда дода шуд. Таъкид гардид, ки барои таълиму тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихор аз давлату давлатдории тоҷикон роҳбарону ходимони давлатии тамоми сатҳу зинаҳо дар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимият масъуланд.

www.prezident.tj