Маросими гулчанбаргузорӣ дар оромгоҳи «Сарбози номаълум»

№44 (3994) 20.04.2019

47628554431_691c7b41e4_oРӯзи дуюми сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Россия бо маросими гулгузорӣ дар назди оромгоҳи «Сарбози номаълум» оғоз ёфт.

Зимни иҷрои маросим дар макони «Александровский сад» қаровули фахрӣ ва оркестр саф орост.

Коменданти ҳарбии шаҳри Москва оид ба саф кашидан ва омодагии Горди фахрӣ барои баргузории маросими гиромидошти хотираи қурбониёни роҳи озодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Сипас, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти мусиқии маросимӣ дар назди гулхани абадӣ, ки нишонаи поси хотир ва қадрдонии сарбозони дар  роҳи озодӣ қурбоншуда мебошад, гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ ба арзишҳои давлатдории Федератсияи Россия эҳтиром ба ҷо оварданд.

Дар ҳамон ҷо 10 маротиба бонг садо дода, Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон навохта шуд.

Баъдан, қаровули фахрӣ бо қадамзании мутантан аз назди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокдорони маросим гузашт.

Дар чорабинӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Россия ҳамроҳӣ карданд.

www.president.tj