Маросими гусели Шавкат Мирзиёев ба Ӯзбекистон

№33 (3827) 13.03.2018

26854538408_9ff478dcd4_oНимаи дуюми 10 марти соли 2018 пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Тошканд баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олимақомро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел намуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки ду рӯз (9 ва 10 март) идома ёфт, мулоқоти сарони давлатҳо, намояндагони воломақоми ҳукуматҳо ва доираи соҳибкорони ду кишвар сурат гирифт.

Дар доираи сафар Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Намоишгоҳи молу маҳсулоти Ӯзбекистон баргузор шуд.

Рӯйдоди муҳим, ки бо иштироки сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ба амал омад, ифтитоҳи гузаргоҳи байнидавлатии роҳи оҳани «Ғалаба-Амузанг» мебошад.

Мавриди зикр аст, ки тайи рӯзҳои охир бо талошҳову ташаббусҳои неки сарони давлатҳо 10 гузаргоҳи сарҳадӣ кушода шуд. Акнун шаҳрвандони ду кишвари ҳамсоя, ки муносибатҳои дӯстию хешутабории онҳо таърихи чандинасра дорад, бемамониат рафтуомад карда метавонанд.

Баргузории барномаи консертии устодони санъат ва ҳунармандони тоҷику ӯзбек таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» аз тадбирҳои муҳиму хотирмони фарҳангӣ буд, ки дар он сарони давлатҳо Эмомалӣ ­Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев самимитарин суханонро дар бораи дӯстию бародарӣ, ҳамсоягӣ, таърихи муносибатҳои хешутабории ду мардум баён доштанд.

Барномаи рангину пурмуҳтавои консертии тараннумкунандаи дӯстию бародарии халқҳо ба мардум муждаи оғози марҳилаи нави муносибатҳои неку бобарорро расонд.

Бо боварӣ гуфта метавонем, ки акнун мардуми Тоҷикистону Ӯзбекистон бо шарофати сиёсати неку ояндадор ва бобарору сулҳофари Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамсоягии нек ва дигар ормонҳои чандинасра зиндагӣ мекунанд.

Умед аст, ки санадҳои нави ҳамкории баимзорасида барои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва хешутабории ду халқи бузург заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

Маросими гусели меҳмони олимақом -  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев чун истиқболи расмӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса, бо садои карнаю сурнай, оро додани майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ, аксҳои сарони давлатҳо ва шиорҳои тараннумкунандаи дӯстию ҳамсоягии нек сурат гирифт.

Баръало эҳсос мешуд, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ҳайати ҳамроҳаш аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як ҷаҳон таассуроти нек ба Ватан бармегарданд.

www.president.tj