Маросими истиқболи расмӢ дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон

№153-154(3454-3455) 13.11.2015

12239706_924651637605023_7339254008329771099_nСафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон субҳи рӯзи 12 ноябри соли 2015 бо баргузории маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом дар қароргоҳи Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон оғоз ёфт.

Мавриди зикр аст, ки ба истиқболи меҳмони олимақом Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Исломобод ва ҳам кӯчаву хиёбонҳои марказии он бо парчамҳои ду кишвар, аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазир ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва Мамнун Ҳусайн, инчунин шиору овезаҳои ифодакунандаи дӯстии мардуми ду давлат оро ёфта буд.

Ба ифтихори сафари давлатӣ ва пазироии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон қароргоҳи Сарвазири Покистон низ бо шукӯҳи хоса омода аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири кишвари мизбон Муҳаммад Навоз Шариф гарму самимӣ истиқбол гирифта, ба болои шоҳсӯфаи фахрӣ даъват кард.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ оғоз ёфта, бо садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти меҳмони олимақом  аз назди сафи Горди фахрӣ, арзи салом ба сарбозон ва эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ҷараён гирифт.

Дар поёни маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф бо аъзои ҳайатҳои расмии ду ҷониб шинос шуданд.

Ҷойи таъкид аст, ки ҷараёни маросими истиқболи расмӣ тавассути бисёр шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Исломии Покистон ба таври мустақим намоиш дода шуд.

Ҳамчунин хотиррасон бояд намуд, ки рафти омодагӣ ба ин сафар ва ҷараёни он дар воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Исломии Покистон хеле васеъ инъикос меёбад.

www.president.tj