Машварати корӣ дар ҳузури Пешвои миллат

№61 (3698) 01.06.2017

14361902679_373fae4579_oЯкуми июни соли ҷорӣ дар ҳузури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баррасии масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии мамлакат машварати корӣ баргузор шуд.

Дар он Сарвазир, муовини якум ва муовинони Сарвазири мамлакат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони он, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар оғоз бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Қӯрғонтеппа» ва муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, дар мақомоти прокуратура ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал оварда шуд.

Ҳамин тариқ, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон прокуророни шаҳру ноҳияҳои Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Данғара, Фархор, Ҷалолиддини Балхӣ ва Сарбанди вилояти Хатлон, шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, ноҳияи Варзоб, муовини прокурори шаҳри Душанбе, сардори Раёсати кадрҳо ва сардори Шуъбаи назорати иҷрои қонунгузории андози Прокуратураи генералӣ ва Прокурори нақлиёти вилояти Суғд таъин шуданд. Ҳамчунин, як қатор сардорони раёсатҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Сипас, дар машварат масъалаҳои рӯзмарраи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла гузаронидани кишти такрорӣ, таъмини бозорҳои мамлакат ва махсусан шаҳри Душанбе бо маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ ва тадбирҳо ҷиҳати тақвиятбахшии таъминоти пойтахти мамлакат бо неруи барқ ва гармӣ, фаъолияти бонизоми соҳаи маориф, хусусан кори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ҷамъбасти соли хониш, ташкили истироҳати тобистонаи мактаббачагон, дастгирии ҳаматарафаи ятимону бепарасторон ва дигар эҳтиёҷмандон баррасӣ гардид.

Дастур дода шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат барои таъмини пурраи амнияти озуқаворӣ ва иҷрои нишондиҳандаҳои барномаю нақшаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбирҳои бетаъхир андешида, кишти такрорӣ, ҷамъоварӣ ва захираю нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, ярмарка-фурӯши маҳсулоти хӯроквориро ташкил намоянд.

Дастуру супоришҳои дигар барои сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, таъмини аҳолӣ ва иншооти таъиноти гуногуни мамлакат бо барқу гармӣ, навсозии инфрасохтори муҳими энергетикӣ ва таъмини нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ дода шуд.

Барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани соли хониш, таъмини шаффофияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва қабули довталабон тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкили истироҳати кӯдакону наврасони мамлакат дар истироҳатгоҳу лагерҳои наздимактабӣ ва марказҳои табобатию тавонбахшӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат вазифадор шуданд.

Дар машварат, ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифта, самт ва нақшаю барномаҳои минбаъдаи фаъолият вобаста ба таъмини дастуру супоришҳои додашуда мушаххас гардиданд.