Машварати кории Президенти мамлакат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

№103 (4053) 27.08.2019

48612124923_be33a00f6c_o24 августи соли 2019 дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.

Дар он натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 7 моҳи соли равон ҷамъбаст гардид ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президент, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, рушди соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аз сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Гулистон, Бӯс­тон, Кӯҳистони Мастчоҳ, Зафаробод, Деваштич ва Ҷаббор Расулов натиҷагирӣ карда, аз ҷараёни корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Таъкид гардид, ки рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва иҷрои нишондиҳандаҳои рушди соҳаҳои афзалиятнок дар ҳафт моҳи соли 2019 асосан таъмин шудааст.

Нақшаи даромади буҷети давлатӣ 102,8 фоиз иҷро гардида бошад ҳам, дар як қатор шаҳру ноҳияҳо дар 7 моҳи соли ҷорӣ таъмин нашудааст.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳои давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар вилоят дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар сатҳи қариб 111 фоиз таъмин шуда бошад ҳам, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати истихроҷ 0,5 фоиз коҳиш ёфтааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вазифадор шуданд, ки бо иқтидори пурра фаъолият кардани корхонаҳои истихроҷ, истифодаи самараноки конҳои маъдан ва иҷрои нақшаҳои тасдиқшударо таъмин намоянд.

48612476671_caa2b852f6_oПрезиденти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи кишоварзии вилоятро таҳлил ва таъкид намуданд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ моҳҳои январ-июли соли 2019 қариб ба 3 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 — ум 13,4 фоиз зиёд аст, аммо майдони кишти сабзавот кам шудааст.

Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят супориш доданд, ки барои таъмини амнияти озуқаворӣ аз тамоми шароиту имконият васеъ истифода баранд.

Дар машварати корӣ, ҳамчунин, вазъи соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва боғдорӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулинро ба рушди ин бахшҳо ва афзоиши чорво, ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ҷалб карданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар вилоят, дар маҷмӯъ, қариб 20 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст, ки 5250 — тои он ҷойи кори доимӣ мебошад. Инчунин, аз шумораи иншооти тибқи нақша ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, то моҳи август қариб 3000 ададаш ба истифода супорида шудааст.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки бунёди иншооти банақшагирифтаро бо риояи меъёрҳои қабулшудаи сохтмонӣ, санъати баланди меъморӣ сари вақт ва босифат таъмин намоянд.

Зимни таҳлилу баррасии масъалаҳои таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ таъкид шуд, ки тайи солҳои 2016 — нимсолаи аввали 2019 аз ҷониби мақомоти прокуратура аз 552 миллион сомонии зарари ба буҷет расонидашуда 268 миллион сомонии он барқарор гардид.

Дар охир, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зиндагии мардум, вусъати корҳои ободонӣ, таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоиии шаҳру ноҳияҳои вилоят, таъсиси ҷойҳои корӣ, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва инкишофи босуботи соҳаҳои иқтисодӣ, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ, ба роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҷараёни машварат ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Суғд дар 7 моҳи соли 2019 раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз номи мардуми меҳнатдӯсти вилоят ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои талошу ташаббусҳо ва ғамхориҳояшон изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

www.president.tj