Муаррифии Студияи нави сайёри телевизионӣ

№122 (4072) 12.10.2019

72126862_3047601095310056_4808192772358012928_o10 октябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар муаррифии Студияи нави сайёри телевизионӣ, ки бо технологияи муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, иштирок намуданд.

Он аз се мошини калон иборат буда, барои сабт, пахши мустақим ва ороиши барномаву намоишҳои гуногун пешбинӣ шудааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки студия имконият дорад чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо сифати «Full HD», яъне, дақиқияти баланд, сабт ва мустақим пахш намояд. Он бо 16 камераи профессионалӣ таъмин гардидааст, ки 4 ададаш ба тариқи фосилавӣ идора карда мешавад.

Системаҳои сабт ва пешниҳоди барномаҳо имкон медиҳанд, ки ба намоишҳои телевизионӣ ороиши компютерӣ дода шавад. Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти насбгардида, ки истеҳсоли Япония мебошанд, мус­тақим имконият доранд, ки барнома ва намоишҳоро ба моҳвора ирсол намоянд. Студия, ки феълан дар Осиёи Марказӣ назир надорад, дар доираи ҳамкории мутақобилан судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» дастрас гардидааст. Он дорои генератори пуриқтидори барқӣ мебошад, ки имконият дорад таҷҳизоти кориро бо барқ таъмин намояд.

Зикр гардид, ки дар студияи сайёр 40 нафар мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кор мегардад. Як гурӯҳи кормандон аллакай аз курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дас­тур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳо, сатҳу сифати пахши намоишу барномаҳои телевизиониро боз ҳам беҳтар намоянд.

Таъмини телевизион бо таҷҳизоти муосир натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, хоса, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи телевизион мебошад, ки ба баланд бардоштани сатҳу сифати барномаҳо ва пурра сохтани фазои иттилоотии кишвар мусоидат мекунад.

Бояд зикр намуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шабакаҳои нави телевизионӣ, аз қабили «Сафина», «Баҳористон» «Ҷаҳоннамо», «Варзиш», «Синамо», «Футбол» ва «Шаҳнавоз» ба фаъолият оғоз намуданд. Академияи воситаҳои ахбори омма ташкил гардид.

Ҳамчунин, бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон шабакаҳои телевизионии мамлакат бо дастгоҳҳои муосири сабт, танзим ва пахши барномаҳо таъмин ва аз рӯйи формати дақиқияташ баланди HD пахши барномаҳои телевизионӣ роҳандозӣ карда шуд.

Ҳоло барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикис­тон на танҳо дар фазои иттилоотии кишвар, балки дар дигар мамлакатҳо низ аз тариқи моҳвора дастрас мебошанд. Дар ин радиф, телевизионҳои маҳаллӣ низ бо таҷҳизоти зарурии корӣ ба пуррагӣ навсозӣ гардиданд.

www.president.tj