Мубодилаи барқияҳои табрикӣ

№12 - 13 (3806 - 3807) 30.01.2018

 26 январи соли 2018 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

Дар барқияи табрикии ­Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич!

Дар иртибот ба санаи барои кишварҳои мо ва мардумонамон муҳим — 25-солагии барпо намудани муносибатҳои дипломатӣ бо камоли масаррат ба Шумо табрикоти самимӣ ва таманниёти неки хешро ирсол медорам.

Боиси хушнудист, ки тайи давраи сипаришуда муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар ҳолати рушди бемайлон дар шаклҳои мухталифи ҳамшарикӣ қарор доштанд.

То имрӯз заминаи боэътимоди ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба фароҳам оварда шуда, афзорҳои пешбурди самараноки онҳо эҷод гардидаанд, миёни кишварҳои мо муколамаи доимии гуногунсатҳи сиёсӣ ба роҳ монда шудааст, ки доираи васеи масъалаҳои мубрами шомили рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавиро фаро мегиранд.

Натиҷаҳои муассири тайи чоряк аср ба шарофати саъю талошҳои муштарак бадастомада ба мо имкон доданд, ки муносибатҳои байнидавлатиамонро то сатҳи шарикии стратегӣ боло барем.

Мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар ин маҷро итминони комил дорем ва омодаем, ки дар якҷоягӣ ҷиҳати боз ҳам пурратар ба кор гирифтани иқтидори бузурги созандаи онҳо мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон тамоми тадбирҳои заруриро андешем.

Ба Шумо, муҳтарам Гурбонгулӣ Маликгулиевич, сиҳатмандии комил, хушрӯзӣ ва комёбиҳои нав дар масири таъмини шукуфоии мардуми дӯсти Туркманистон орзумандам».

Дар барқияи табрикии Президенти Турк­манистон Гурбонгулӣ Бердимухамедов ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфта шудааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин аз номи хеш сарфарозам ба Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишвари Шумо таб­рикоти самимӣ ва таманниёти беҳтаринро ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоям.

Дар овони баъд аз оғози робитаҳои дип­ломатӣ миёни кишварҳои мо муносибатҳои дуҷонибаи дӯстӣ ва шарикии барои ҷонибҳо судманд рушди фаъол доштанд ва таҳкими бемайлони онҳо идома дорад.

Дарки он воқеият хурсандибахш аст, ки миёни ҷонибҳо манфиатдории муштарак ба идомаи минбаъдаи муколамаю ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи арсаҳо бар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва суди ҷонибайни мардумони дӯсти Туркманистон ва Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Имрӯз давлатҳои мо аз рӯйи самтҳои зиёд бомуваффақият ҳамкорӣ менамоянд ва мо ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи ҷавобгӯ ба манфиатҳои дарозмуҳлати кишварҳоямон аҳамияти бузург медиҳем.

Туркманистон азм дорад, ки дар оянда низ робитаҳои аз санҷиши замон гузаштаи сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавию фарҳангии миёни кишварҳоямонро рушду тавсеа бахшад. Итминон дорам, ки муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон минбаъд низ ба нафъи мардумони мо пайваста инкишоф хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз ин фурсати фараҳбахш мехостам ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сидқан саломатии бардавом ва комёбиҳои нав дар фаъолияти пурмасъули давлатиатон ба хотири пешрафту шукуфоии мардуми дӯсти Тоҷикистон таманно намоям».

 www.president.tj