Мубодилаи барқияҳои табрикӣ

№41 (3835) 03.04.2018

 1 апрели соли 2018 миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ сурат гирифт.

 Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси омадааст:

«Ҷаноби Олӣ!

Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба ифтихори 25-солагии барпо намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мисри Араб сидқан табрику таҳният мегӯям.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин солҳо муносиботи дӯстиву ҳамкориҳои судманди кишварҳои мо зина ба зина рушд ёфта, ҷанбаҳои нави созанда пайдо кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳояшро бо кишвари дӯсти Миср баланд арзёбӣ намуда, хоҳони тавсеаи минбаъдаи онҳо дар ҳама арсаи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мебошад.

Итминон дорам, ки бо саъю талоши пайгиронаи ҳар ду ҷониб тамоми имконияти дар ин самт мавҷуда мутобиқ бо манфиатҳои аслии мардумонамон дар оянда низ мавриди истифодаи самаранок қарор хоҳанд гирифт.

Бо истифода аз фурсати нек ба Шумо, ҷаноби Президент, тансиҳатии комилу пирӯзиҳои навин ва ба мардуми дӯсти Миср сулҳу суботи пойдор ва рифоҳу шукуфоӣ орзу менамоям».

 Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб Абдулфаттоҳ ас-Сиси ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта шудааст:

«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Бо арзи дуруду салом, дар чаҳорчӯби муносибатҳои бародарӣ ва дӯстӣ, ки кишварҳо ва мардумони моро ба ҳам мепайванданд, бо камоли масаррат ба Ҷаноби Олӣ табрикоти самимии худро ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии байни ду кишвари дӯсти мо ирсол менамоям. Мо ба ин муносибатҳо арҷ мегузорем ва онҳоро гиромӣ медорем.

Мехоҳам ба Шумо, ҷаноби Президенти арҷманд, итминон диҳам, ки мо хоҳони густаришу таҳкими муносибатҳои вежаи дӯстӣ ва ҳамкории самарабахш байни ду кишвар ва мардумони дӯстамон ҳастем. Гузашта аз ин, мо ният дорем, ки ҳамоҳангсозиҳо ва робитаҳоро дар соҳаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаамон идома дода, таҳким бахшем, то онҳо ба сатҳи муносибатҳои фарогири ҳамкорӣ байни ду кишвар боло бардошта шаванд.

Ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавому хушбахтӣ, ба кишвари дӯсти Шумо баракоту пешрафт ва ба мардуми меҳнатқарини он осоишу шукуфоӣ орзу менамоям. Ба манзури ноил шудан ба пешрафти бештар дар чаҳорчӯби муносибатҳои ҳамкории созандае, ки моро ба ҳам мепайванданд, умедвори кору фаъолияти зич бо кишвари дӯсти Шумо ҳастам.

Лутфан, Ҷаноби Президент, эҳтиромоти фоиқа ва таманниёти комёбиву пирӯзии моро ба унвонатон бипазиред».

www.president.tj