Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳо -иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ

№93 (4355) 15.07.2021

51310633053_7e9ef62d35_o14 июли соли 2021 дар ­Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар доираи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ­аъзои Созмони ҳамкории Шанхай роҳбарони ҳайатҳо — вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ-ро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи феълии ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ ва омодагӣ ба ҷаласаи ҷашнии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҷаласаро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, ба онҳо баҳри ноил гардидан ба ҳадафҳои дар пешгузоштаи СҲШ барору комёбӣ орзу карданд.

Мавриди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз муассисони Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд ва дар солгарди 20-уми таъсиси он Тоҷикистон раисиро дар ин ташкилоти бонуфуз бар уҳда дорад.

- Ҷумҳурии Тоҷикистон раисиро дар Созмони ҳамкории Шанхай мутобиқи принсипҳои пештар изҳоршудаи муттасилӣ, баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мавқеи ҳар як давлати узв иҷро мекунад. Вазифаи асосии раисии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки якҷо бо дигар давлатҳои аъзо ва мақомоти доимӣ рушди минбаъдаи пешрафти Созмони ҳамкории Шанхай таъмин шавад, — таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зикр гардид, ки дар 20 соли фаъолият Созмони ҳамкории Шанхай ҳамчун ташкилоти минтақавӣ роҳи ташаккулёбиро бомуваффақият тай намуда, дар байни сохторҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол намуд. Дар ин муддат СҲШ масъалаҳои рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ — аз сиёсат то амният, иқтисодиёт ва ҳамкории гуманитариро фаро гирифт.

Самти муҳимтарини фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай таъмини амният мебошад ва зимни мулоқот ҷонибҳо муборизаи дастаҷамъона бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддирро баррасӣ карданд.

Инчунин, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти шиддат ёфтани вазъ дар Афғонис­тон, ҷиҳати баррасии мушкилоти кишвари ҳамсоя чораҳои таъхирнопазир андешида истодааст.

Барои расидан ба ҳадафҳо ва таъмини рушди СҲШ пешниҳод гардид, ки кишварҳои аъзо ва мақомоти доимии Созмони ҳамкории Шанхай бояд баҳри татбиқи амалии барномаҳои қабулшуда, аз қабили «Стратегияи рушд то соли 2025», ҳамкориро пайваста идома диҳанд.

Дар мулоқот вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой Ван И, вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров ва вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Суб­раманям Ҷайшанкар суханронӣ карданд.

Онҳо ба сатҳи ташкили корҳо аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар давраи раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои

арзанда дода, ба ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе комёбӣ орзу карданд.