Мулоқот бо вакилони парлумони Аврупо

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

48994824217_722b8d91f3_o1 ноябри соли 2019 дар ­Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати вакилони парлумони Аврупоро таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо парлумони Аврупо, рушди ҳамкории байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими Тоҷикис­тон дар арсаи байналмилалӣ номида, аз сатҳи имрӯзаи муносибатҳои гуногунҷанба изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, гуманитарию фарҳангӣ ва сиёсию амниятиро аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ унвон ва нақши фаъолияти пайвастаи Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ ва сиғаи нисбатан нави он — зеркумитаи рушди ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсию амниятӣ ва ҳуқуқи инсонро назаррас арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон манфиатдор аст робитаҳояшро бо парлумони Аврупо дар масъалаҳои такмили парламентаризм, волоияти қонун, соҳаҳои гуманитарӣ ва ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар минбаъд ҳам густариш диҳад.

Тарафҳо ба масъалаҳои мусоидати Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон дар татбиқи «Стратегияи миллии рушди кишвар то соли 2030» ва «Барномаи бисёрсолаи индикативии Иттиҳоди Аврупо барои давраи то соли 2020» аҳамияти хоса зоҳир намуданд. Татбиқи амалии Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» ва  «Стратегияи таҷдидшудаи Аврупо барои Осиёи Марказӣ» барои минтақа муҳим арзёбӣ гардид.

Ҳамчунин, масъалаҳои муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳои глобалӣ, пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон баррасӣ ва идомаи ҳамкорӣ бо барномаҳои БОМКА ва КАДАП зарур шумурда шуд.

www.president.tj