Мулоқот бо Ли Ян Ҷе

№78 (3224) 16.07.2014

китай

14 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мушовири калони ширкати «Чунтай-Шоҳроҳи нави абрешим»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Ли Ян Ҷеро, ки ба фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзии ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур машғул аст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ташкили ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли пахта ва коркарди саноатии он баррасӣ шуд.

Ли Ян Ҷе изҳор дошт, ки онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар Тоҷикистон истеҳсоли пахтаро бо истифода аз технологияҳои навтарини ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо деҳқонону мутахассисони тоҷик ба роҳ монда, барои коркарди то 15 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр корхонаҳои гуногуни саноатӣ бунёд намоянд. Тибқи нақша онҳо ният доранд, ки оянда бо маҳсулоти тайёр на танҳо бозори дохилии Тоҷикистонро таъмин кунанд, балки содироти онро ба хориҷи кишвар ба роҳ монанд.

Дар давраи аввал бо ҷалби беш аз 120 миллион доллари амрикоӣ сармояи мустақим зиёда аз 6 ҳазор ҷойи корӣ бунёд меёбад. Оянда ҳаҷми сармоя то 200 миллион доллари амрикоӣ ва шумораи ҷойҳои корӣ то ба 15 ҳазор бояд расонда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои онҳоро хуш пазируфта, ҳамзамон таъкид дошт, ки барои қабули тасмими ниҳоӣ нақшаю барномаҳои ҳамкорӣ бояд ҳамаҷониба омӯхта шаванд.

www.president.tj