Мулоқот бо Ллойд Остин III

№97-99 (3082-3084) 01.08.2013

IMG_0030-Коман.центр.сил.США.30.07.13

30 июли соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ллойд Остин III- ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Амрико, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мудофиа ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.

Аз сатҳ ва муҳтавои равобит ва ҳамгиройии сохторҳои марбутаи ду кишвар дар ин бахшҳо, аз ҷумла доир ба мусоидат ба таҳкими амну субот дар Афғонистон ва пешгирӣ аз хатари паҳншавии терроризму ифротгаройӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Генерал Ллойд Остин III нақши Тоҷикистонро дар нигаҳдории амнияти минтақавӣ муҳим номида, ба Сарвари давлат ва мардуми Тоҷикистон барои мусоидати фаъол ба барқарорсозии ҳаёти осоишта дар Афғонистон арзи сипос кард.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дастгирии минбаъдаи моддию техникии воҳидҳои низомӣ ва махсуси Тоҷикистон, аз ҷумла неруҳои сарҳадии кишвар барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон, хусусан пас аз соли 2014, сурат гирифт.

Ҷонибҳо ҳавасмандии устувори худро ба таҳким ва густариши робитаҳои оянда таъкид доштанд.

www.president.tj