Мулоқот бо мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма

№11 (3157) 31.01.2014

ЕБРР (1)

28 январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонмаро ба ҳузур пазируфт.

Дар оғози мулоқот Масару Хонма ба Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонсро муаррифӣ намуд.

Зимни суҳбат, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин бонк ба маблағи умумии 400 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд. Ҳоло ҳафт лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ амалӣ мегардад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 112 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ду ҷониб минбаъд низ метавонанд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ғайра ҳамкории босамар дошта бошанд.

www.president.tj