Мулоқот бо Муовини Сарвазир – Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия

№47 (3032) 16.04.2013

ВКХ (3)Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафараш ба Шоҳигарии Белгия 12 апрели соли 2013 дар Брюсел бо Муовини Сарвазир — Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Белгия баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Шоҳигарии Белгия дар татбиқи амалии Созишнома дар бораи ҳамшарикӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ва Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, аз дастгириҳои пайвастаи он аз рушди Тоҷикистон арзи қадрдонӣ намуд.

Дар муносиботи дуҷониба нақши Бизнес-клуби Белгия – Тоҷикистон намоён арзёбӣ гардид.

Гуфтугӯйи судманд доир ба рушди муносибатҳои сиёсию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, илмию техникӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба вазъи феълию дурнамои Афғонистон, густариши ҳамгиройӣ барои эҳёи ҳаёти осоишта дар ин кишвар ва дигар мавзуъҳо табодули назар карда шуд.

www.president.tj