Мулоқот бо муовини вазири мудофиаи Федератсияи Россия Анатолий Антонов

№13 (3314) 29.01.2015

10835247_781520481918140_5130559964516649519_o

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 28 январи соли 2015 муовини вазири мудофиаи Федератсияи Россия Анатолий Антоновро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Россия, хусусан барои пурзӯр намудани ҳифзи марзи давлатӣ бо Афғонистон ва таҳкими омодагии зиддитеррористӣ, баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи амалии созишномаю тавофуқоти дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар ин самти ҳамкорӣ ва ҳам қарорҳои дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабулшуда зоҳир гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки тавофуқоти дар сатҳи олии сиёсӣ ва миёни сохторҳои дахлдори ду кишвар ҳосилшуда бояд пурра ва сари вақт иҷро шаванд, зеро ба амнияту суботи муътамад дар минтақаи мо Россия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ ҳам манфиатдоранд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунӣ ва дурнамои эҳтимолӣ дар минтақа ва ҷаҳон, хусусан ба ояндаи Афғонистон пас аз хурӯҷи неруҳои байналмилалии посдори сулҳ, сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Россия барои ҳар ду ҷониб ва кулли минтақа судовар аст ва аз ин хотир, минбаъд боз ҳам таҳким ва густариш хоҳад ёфт.

www.president.tj