Мулоқот бо намояндагони аҳли ҷомеаи мамлакат

№84 (3069) 06.07.2013

IMG_0600

Чоруми июли соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони сершумори аҳли ҷомеаи кишвар доир ба муносиботи давлат ва дин мулоқоти судбахш анҷом дод.

Мулоқот дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки олимону ходимони дин, намояндагони иттиҳодияҳои гуногуни динӣ, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, раисони ҷамоати шаҳраку деҳот, масъулони бахшҳои иҷтимоии мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва дигар фаъолони ин самти ҳаёти ҷомеа баргузор гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ аҳли толор ва мардуми кишварро бо арафаи моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфта, онҳоро ба рафтору кирдори шоиста, парҳезгорӣ ва дигар амалҳои хайру савоб ҳидоят намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон масоили гуногуни вобаста ба муносиботи давлат ва дин, тамоюлҳои номатлуби динию мазҳабии халалдоркунандаи оромию субот ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию диниро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, доир ба ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷиддии мавҷуда пешниҳодҳои муфид ба миён гузошт.

Таъкид гардид, ки давлати Тоҷикистон барои бароварда сохтани ниёзҳои динии мусулмонон ва намояндагони дигар динҳои кишвар тадбирҳои сершумор амалӣ намудааст ва хоҳад кард. Аз ҷумла аз таъсиси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми давлатӣ додан ба Донишкадаи исломии Тоҷикистон, нашри Қуръони Карим, китобҳои «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ, «Муснад»-и Имоми Аъзам, «Кимиёи саодат»-и Имом Ғаззолӣ ва дигар тадбирҳо ёдоварӣ шуд. Дар муқоиса ба шароити даврони шӯравӣ зикр гардид, ки шумораи масҷидҳо аз 17 адади он замон ҳоло ба 4 ҳазор ва теъдоди ҳоҷиён аз 30 каси он         солҳо ба 200 ҳазор нафар расидааст.

Ифтитоҳи Маркази фарҳангии исмоилиён дар шаҳри Душанбе ва фаъолияти 73 ибодатгоҳи пайравони ин мазҳаб дар ҷумҳурӣ ва ҳамчунин фаъолияти бемонеаи ибодатгоҳҳои намояндагони           динҳои ғайриисломӣ нишонаи возеҳи ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявии Тоҷикистон ва асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ арзёбӣ гардид.

Ба фаъолияти ҷудоиандозӣ ва тафриқаангезии баъзе ҳизбу ҳаракатҳо, масҷидҳои алоҳида ва теъдоде аз ходимони дин таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкидан изҳор дошт, ки «дин бояд воситаи қавии таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва тарғибгари омилҳои рушду пешрафти ҷомеа бошад, на ин ки чун василаи ҷудоиангезӣ, низоъ ва фитнагарӣ истифода шавад».

Бо ёдоварӣ аз таълимоти оламшумули фарзандони фарзонаи миллати тоҷик чун Имоми Аъзам ва Имом Бухорӣ, ки дар тамоми олами ислом мавриди эътирофи умум ва пайравӣ қарор доранд, изҳори нигаронӣ карда шуд, ки «бо вуҷуди ин чаро мо бегонапарастӣ кунем?».

Аз ин хотир, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: «давлати Тоҷикистон пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозӣ ва тафриқаангезиро қотеона мегирад».

Андешаҳои ҷолиб доир ба ҷойгоҳи фарҳанги миллӣ ва фарҳанги динии мардуми тоҷик баён карда шуд. Зикр гардид, ки агар фарҳанги исломии мо ҳамагӣ беш аз 1400 сол умр дошта бошад, фарҳанги миллиамон таърихи беш аз 5,5 ҳазорсола дорад. Таъкид гардид, ки ҳисси миллӣ ва ифтихори давлатдории миллӣ дар тафаккури мардуми соҳибтамаддуни мо бояд мақому манзалати баланд дошта бошад.

Бо изҳори нигаронӣ аз андешаҳои баъзе доираҳои динӣ, ки ҷашни ҷаҳонигардидаи Наврӯзро барои уммати мусулмон бегона мешуморанд, таъкид гардид: «Наврӯз чун иди табиӣ ва миллии мо таърихи беш аз 6 ҳазорсола дошта, ба ягон дину мазҳаб алоқамандӣ надорад». Изҳори таассуф карда шуд, ки «дар сурати эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардани ҷашни Наврӯз аз он рӯй тофтани баъзе соҳибони ноогоҳу ношукраш комилан нораво аст».

Таъкид гардид, ки барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешгирӣ аз густариш пайдо кардани равияҳои бегона дар ҷомеаи Тоҷикистон олимону ходимони дини мубини ислом бояд дар дохили кишвар омода карда шаванд. Ҳамчунин супориш дода шуд, ки аз якуми январи соли 2014 барои имомхатибони масҷидҳои ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маош муқаррар карда шавад.

Ҳамчунин аз фирефта шудану ба гурӯҳҳои моил ба амалҳои террористию ифротгаройӣ гароидани баъзе ҷавонони ноогоҳ изҳори нигаронӣ карда шуд. Таъкид гардид, ки «давлати Тоҷикистон барои пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа, чун терроризму ифротгаройӣ ва ҷиноятҳои дигари созмонёфта, аз тамоми имкону захираҳо истифода хоҳад кард ва мубориза бо терроризм набояд чун мубориза бо дини ислом фаҳмида шавад».

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» зоҳир карда шуд.

Дар охири суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро бори дигар ба  арҷгузорӣ ба арзишҳои волои миллию динии худ, ифтихору сарфарозӣ аз таъриху фарҳанги бостонӣ ва давлатдории мустақили кунунӣ ва ҳамчунин ба ҳифзи шоистаи давлату миллат ва ваҳдату ягонагӣ ҳидоят намуд.

Сипас миёни Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли толор, пеш аз ҳама олимону ходимони дин, маҳфили тӯлонии пурсишу посух баргузор шуд, ки беш аз ду соат идома дошт. Пурсишу дархостҳои зиёд аз ҷониби намояндагони тамоми гӯшаю канори кишвар садо доданд.

Дар охири мулоқот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва мардуми кишварро бори дигар ба таълиму тарбияи босифати фарзандон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба таҳсили фарзандон, аз ҷумла духтарон, монеа нашаванд ва таъкид намуд, ки «барои омодасозии кадрҳои ба талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ мувофиқ бояд аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода барем».