Мулоқот бо ноиби калони Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Каушик Басу

№42-43 (3027-3028) 05.04.2013

басу4 апрели соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби калони Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Каушик Басуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташхиси техникию иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ шуд.

Аз ҷараёни рушди кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон изҳори қаноат карда шуд, зеро тавре зикр гардид, афзоиши Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар ду моҳи соли 2013-ум 7,2 фоиз ва таваррум 1,1 фоизро ташкил додааст.

Ёдоварӣ шуд, ки дар тӯли солҳои шарикӣ Бонки Умумиҷаҳонӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 690 миллион доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзнок, грантҳо ва кӯмаки техникӣ пешниҳод намудааст ва ҳоло лоиҳаҳои зиёди дигар бо харҷи 236 миллион доллар маблағҳои ҷудонамудаи ин бонк татбиқ мешаванд.

Доир ба татбиқи босамари Стратегияи миёнамуҳлати Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум барои солҳи 2013-2015, аз ҷумла тавассути нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав ва пешгирӣ аз таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии иқтисодию молиявӣ, гуфтугӯи судбахш сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба дигар ҷанбаҳои равобити Ҷумҳурии Тоҷикистону Бонки Умумиҷаҳонӣ, аз ҷумла роҳҳои мусоидат ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табодули назар карда шуд.

www.prezident.tj