Мулоқот бо Раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожара

№133 (3118) 19.10.2013

Нимаи дуюми рӯзи 16 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Раиси амалкунандаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), вазири корҳои хориҷии Украина Леонид Кожараро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону САҲА ва дурнамои он баррасӣ шуд. Аз натиҷаҳои ҳамкорӣ дар се самти асосии фаъолияти САҲА – сиёсию ҳарбӣ,  иқтисодӣ ва экологӣ ва ҳам гуманитарию дигар самтҳо изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба таҳкими амну субот дар минтақа, аз ҷумла дар вобастагӣ бо вазъи кунунӣ ва ояндаи Афғонистон ва мушкилу монеаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ зоҳир гардид.

Леонид Кожара изҳор дошт, ки бо дарназардошти мавқеи стратегии Тоҷикистон дар ин минтақа САҲА, аз ҷумла дар давраи раёсати Украина дар он, аз нақшаю тадбирҳои судбахши кишвари мо пуштибонӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Украина сурат гирифт.

www.president.tj