Мулоқот бо роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колер

№114 (3099) 14.09.2013

1

12 сентябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбари мудирияти Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Олмон, пеш аз ҳама дар соҳаи энергетика, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Ҷумҳурии Федеролии Олмон барои дастгирии пайваста аз рушди бонизоми иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос карда, ба рушди минбаъдаи робитаҳои судбахши ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ изҳори итминон кард.

Штефан Колер аз омодагӣ ва ҷараёни ҳамойиши бузурги иқтисодии Тоҷикистону Олмон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода, ҳавасмандии устувори давлати хешро ба густариши бештари ҳамкории гуногунпаҳлу бо кишвари мо таъкид намуд.

Ба гуфти Штефан Колер, Олмон ва хусусан ширкатҳои бузурги энергетикии он ба иштирок дар сохтмони неругоҳҳои хурду бузурги Тоҷикистон ҳавасмандии зиёд доранд. Таъкид гардид, ки Олмон метавонад ба Тоҷикистон дар таъмини таҷҳизоти каммасрафи барқӣ, аз ҷумла кам кардани хароҷоти неруи барқ дар КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» мусоидат намояд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Олмон аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергетикаи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба навсозии неругоҳҳои мавҷудаи Тоҷикистон, аз ҷумла Неругоҳи барқи обии «Норак» ва дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj