Мулоқот бо роҳбарони як қатор ширкатҳои хитойӣ

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

19 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Шоҳигарии Таиланд барои анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Халқии Хитой омад.

Баробари ворид шудан ба шаҳри Пекин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони як зумра сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Халқии Хитой чанд мулоқоти судбахш анҷом дод.

Дар мулоқот бо роҳбари Ширкати «Чайна глобал» Хуан Ҷянжун ва Президенти Иттиҳодияи саноати кӯҳӣ Ван Хайтао масоили рушди ҳамкорӣ доир ба густариши истеҳсолот дар Ширкати муштараки кӯҳкории Тоҷикистону Хитой «Зарнисор» ва ташкили ҳамкорӣ дар дигар конҳои Тоҷикистон баррасӣ шуд.

1-Chaina-global (2)

Зикр гардид, ки Ширкати «Чайна глобал» тасмим дорад, дар марҳилаи якуми бунёд ва рушди Ширкати муштараки «Зарнисор» беш аз 250 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ карда, дар шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) як комбинати бузурги металлургӣ бунёд намояд. Шумораи коргарони ин ширкат аз Тоҷикистон бояд ба 2-3 ҳазор нафар расонда шавад.

Аз роҳбарияти Ширкати «Чайна глобал» хоҳиш карда шуд, ки корҳоро барои бунёди корхонаи металлургӣ суръат бахшида, дар бунёди инфрасохтори коммуникатсионию иҷтимоӣ низ иштироки фаъол дошта бошад.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин ширкатҳо тавсия дод, ки барои дастрасӣ пайдо кардан ба конҳои нави маъданҳои кӯҳии Тоҷикистон дар озмунҳои байналмилалӣ иштирок намоянд, зеро, ҳоло ин кор танҳо тавассути чунин озмунҳо имконпазир аст.

Зимни мулоқот бо Президенти Ширкати саноати кӯҳкории «Зиҷин» Чэн Ҷин Хэ доир ба афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки «Зарафшон» гуфтугӯй сурат гирифт.

2-Zichin

Зикр гардид, ки ин ширкат тайи шаш соли кор дар кони «Зарафашон» дар ин ҷо беш 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. То имрӯз истеҳсоли солонаи тилло ба 1 тонна ва шумораи коргарон ба 2 ҳазор нафар расонда шудааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад.

Тибқи талабу дархости ҷониби Тоҷикистон ин ширкат ҳамчунин бояд як корхонаи коркарди мис бунёд намояд.

Дар мулоқот бо роҳбари Ширкати «Дунин доир ба сармоягузорӣ ва рушд» Го Жэнсян масоили вобаста ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон баррасӣ шуд.

3-Dunin-

Тавре зикр гардид, ин корхона дар солҳои наздик бояд бо иқтидори солонаи коркарди 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт сохта шавад. Дар марҳилаи аввали он то 500 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Ин ширкат фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо Корпоратсияи миллии нафтии Хитой ташкил хоҳад кард.

Мулоқоту музокироти сатҳи олии миёни Тоҷикистону Хитой дар шаҳри Пекин пагоҳ баргузор мегардад.

www.prezident.tj