Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов

№41 (3026) 01.04.2013

Нимаи дуюми рӯзи 28 марти соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисовро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистонро «намунаи хуби ҳамкории созандаи минтақавӣ» номида, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд робитаҳои дӯстонаи ду кишвар боз ҳам қавитар мегарданд.

каз

Ерлан Идрисов ҳамроҳшавии Тоҷикистонро ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар шаҳри Душанбе баргузор шудани ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Муколамаи ҳамкории Осиё доир ба ҳамкориро нишонаи возеҳи болоравии обрую нуфузи ҷаҳонии кишвари мо номида, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ҷумҳуриро бо дастовардҳои муҳими глобалӣ таҳният гуфт.

Зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар соли 2012 ба зиёда аз 700 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2011-ум 150 фоиз афзудааст. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имкону захираҳо барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод хеле зиёд аст.

Барои ин фаъолияти бештари мақомоти муштараки ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла Хазинаи сармоягузории мустақими Тоҷикистону Қазоқистон зарур шумурда шуд.

Ба роҳ мондани ҳамкории созанда доир ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикии Тоҷикистон ва минтақа низ аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба беҳсозии фазои ҳуқуқӣ барои кор ва будубоши бемонеаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Қазоқистон ва ҳамчунин доир ба густариши робитаҳо дар соҳаҳои маориф, илму техника, фарҳанг ва ҷаҳонгардӣ сурат гирифт.