Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Хоҷа Осиф Муҳаммад

№82 (3228) 24.07.2014

DSC_0212

21 июли соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири федералии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Осиф Муҳаммадро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаи минтақавии CASA-1000, ки интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, зоҳир карда шуд.

Чунонки зикр гардид, ҳоло мувофиқасозии охирин бандҳои санадҳои ниҳойӣ миёни иштирокдорони татбиқи ин лоиҳа идома дорад. Тибқи нақша, ояндаи наздик бояд кашидани ин хат оғоз ёфта, то соли 2017 пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Тавре иттилоъ доданд, Тоҷикистону Покистон комиссияи муштарак доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика таъсис додаанд ва ҳоло талош доранд, ки то рӯзҳои ташрифи навбатии Сарвазири Покистон Навоз Шариф ба Тоҷикистон, ки моҳи сентябри соли равон ҷараён хоҳад дошт, санадҳои муҳим омода сохта, барои имзо пешниҳод намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти ду кишвар, аз ҷумла иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ ва бартарафсозии монеаҳои минтақавии тиҷоратӣ, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

www.president.tj