Мулоқоти Сарвари давлат бо раиси ширкати ТВЕА

№6 (3152) 14.01.2014

Безимени-1

Ёздаҳуми январи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи хитоӣ баррасӣ шуд. Ҳар ду ҷониб аз фаъол гардидани навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», ки рӯзи 10-уми январ дар фазои тантанавӣ сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки то моҳи апрели соли равон навбати дуюми Марказ низ ба кор даромада, иқтидори умумиаш ба 100 мегаватт/соат неруи барқ мерасад. Доир ба сохтмони боз ду агрегати дигар дар оянда ва ба 400 мегаватт расонидани иқтидори умумии ин Марказ ҳам гуфтугӯй сурат гирифт.

Тавре зикр гардид, аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла доир ба сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли неруи барқ ва зеристгоҳҳо амалӣ шудаанд.

Ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкории оянда дар бахшҳои гуногуни соҳаи энергетика ва бартараф кардани мушкили норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон дар фасли зимистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

www.president.tj