Муносибатҳои Тоҷикистон ва Қатар дӯстонаю судбахшанд

№109 (3255) 20.09.2014

катар

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 18 сентябри соли 2014 ҳайати бонуфузи Давлати Қатарро, ки бо роҳбарии раиси Шӯрои директорони ҳолдинги Издон шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистону Қатар баррасӣ шуд.

Шайх Холид ибни Сонӣ оли Сонӣ зимни ибрози ҳадафҳои ин ҳайати бонуфуз, аз ҷумла иттилоъ дод, ки Давлати Қатар омода аст бо Тоҷикистон дар бахшҳои бонкдорӣ, суғурта, тандурустӣ ва ҳам дар татбиқи лоиҳаҳои судбахши кишвари мо иштироки фаъол дошта бошад. Ба иттилои ӯ, сохтмон ва фаъол гардонидани як бонк, ки бо низоми бонкдории исломӣ фаъолият хоҳад дошт, як шифохонаи муосир ва дигар корҳо аз иқдомҳое мебошанд, ки барои татбиқи амалиашон аз ҷониби Қатар аллакай тасмим гирифта шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва муҳтавои ҳамкории Тоҷикистону Қатар баҳои баланд дода, изҳори бовар намуд, ки ҳолдинги Издон, дигар ширкатҳои бонуфуз ва ҳам сохторҳои гуногуни ин кишвар барои сармоягузорӣ дар иқтисоди Тоҷикистон тасмимҳои судбахш хоҳанд дошт, зеро заминаи мусоиди рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва ҳам фарҳангӣ миёни ин ду давлати дӯст муҳайё аст.

Ҳар ду ҷониб ба ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судбахш ҳавасмандии амиқ зоҳир намуданд.

www.president.tj