Об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад…

№105 (3090) 22.08.2013

1149104_518672168202974_474090037_o

Бегоҳии рӯзи 19 августи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шӯрои ҷаҳонии об Бенедитто Брагаро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат аз ҳамкории бисёрсолаи созанда ва пурсамари Тоҷикистон ва Шӯрои ҷаҳонии об изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши Шӯрои ҷаҳонии об, ки чун созмони калидӣ дар ин соҳа беш аз 300 аъзо дорад, дар пазиройӣ, тарғиб ва татбиқи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Бенедитто Брага дар навбати худ аз пешсафии ҷаҳонии Тоҷикистон дар масоили вобаста ба об қадрдонӣ карда, чунин изҳор дошт: «Мо мисли Тоҷикистон муътақидем, ки об бояд воситаи ҳамкорӣ бошад на воситаи низоъ».

Ҳамчунин таъкид гардид, ки «Шӯрои ҷаҳонии об барои татбиқи амалии ташаббусҳои судманди Тоҷикистон дар соҳаи об минбаъд низ ҷаҳду талош хоҳад кард».

www.president.tj