Пазироии вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош

№125-126 (3271-3272) 28.10.2014

DSC_0222

Дар суҳбат бо вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло Ғаббош масоили ҳамкории рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат чунин изҳор дошт: «Мо аз сатҳ ва мундариҷаи муносибатҳои дуҷонибаи худ бо Амороти Муттаҳидаи Араб қаноатманд ҳастем ва омодаем, ки барои таҳкиму густариши бештари онҳо саъю талош варзем».

Зикр гардид, ки Амороти Муттаҳидаи Араб дар байни кишварҳои араб имрӯз шарики бузургтарини тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад ва ҳам ягона кишвари арабӣ аст, ки бо Тоҷикистон хатсайри мустақими ҳавоӣ дорад. Ҳамзамон таъкид гардид, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб, бахусус дар арсаҳои иқтисодӣ, ҳанӯз сатҳи сазоворро касб накардаанд ва онҳо дорои имкониятҳои фаровони истифоданашуда мебошанд.

Ба иттилои Абдулло Ғаббош, Амороти Муттаҳидаи Араб ба густариши ҳамкории гуногунҷанбаи иқтисодӣ бо Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ ва оби ошомиданӣ ҳавасмандии амиқ дорад.

Ҳар ду ҷониб омодагии худро ба таҳким ва густариши муносиботи судманди гуногунҷанба таъкид доштанд.

 

www.president.tj