Сарвари давлат Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустонро ба ҳузур пазируфт

№47 (3032) 16.04.2013

IMG_0015Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон 15 апрели соли 2013 бо Ноиби Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Муҳаммад Ҳамид Ансорӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории гуногунпаҳлуи Тоҷикистону Ҳиндустон, аз ҷумла таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, амният, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкории иқтисодӣ, таъкид гардид, ки ҳаҷми кунунии табодули мол миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ҷавобгуйи имкону захираҳои мавҷуда нест. Тавре зикр гардид, пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро зиёда аз 50 санади байниҳукумативу байниидоравӣ ташкил медиҳад. Ҳол он ки моҳи сентябри соли 2012 зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон 12 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд. Аз ин хотир, фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории дуҷониба, татбиқи босамари санадҳои имзошуда зарур шумурда шуд. Изҳори боварӣ шуд, ки татбиқи тавофуқоти сершумори иқтисодию сармоягузорӣ, пеш аз ҳама, дар соҳаи энергетика ва бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон ба рушди бесобиқаи робитаҳои дарозмуддати ду кишвари дӯст пояҳои устувор мегузорад.

Рушди ҳамкорӣ дар самти пешгирӣ аз хатарҳои глобалӣ, ба мисли терроризму ифротгаройӣ, аз бахшҳои муҳими муносиботи ду кишвар номида шуд. Дар ин робита гуфтугӯйи судманд доир ба авзои кунунию ояндаи Афғонистон ва ҳамгиройӣ барои мусоидат ба эҳёи ҳаёти осоишта, инчунин таъмини рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ дар ин кишвар сурат гирифт.

 

www.president.tj