Шиносоӣ бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши «Тахти Наврӯз»

№46 (3192) 08.05.2014

IMG_6677

Шашуми  майи соли 2014 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии «Тахти Наврӯз» шинос шуданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки Маркази фарҳангию фароғатии «Тахти Наврӯз» дар рӯ ба рӯйи Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва шафати Кӯли ҷавонон қомат рост намуда, ба ин мавзеи сайру тамошои пойтахт ҳусни тоза зам кардааст.

Чунонки аён гардид, бинои сеошёнаи «Тахти Наврӯз» мутобиқ бо анъанаҳои бисёрҳазорсолаи меъморӣ ва ороиши миллии тоҷикӣ ва ҳам бо истифода аз технологияҳои муосири сохтмонӣ бунёд меёбад.

Тибқи нақша, ин маркази беҳамтои фарҳангӣ то моҳи сентябри соли равон бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор бигирад.

Сипас, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммедов ба қароргоҳи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд. Шиносоӣ бо табиати зебою дилфиреби дараи Варзоб, ки минтақаи истироҳату сайёҳӣ эълон гардидааст, боиси болидахотирии меҳмони олимақом ва ҳайати ҳамроҳи ӯ гардид.

www.president.tj