Суҳбат бо раиси Бонки давлатии рушди Хитой Ху Хвэйбан

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

22

19 майи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Пекин як мулоқоти судбахши дигар бо раиси Бонки давлатии рушди Хитой Ху Хвэйбан анҷом дод.

Аз рушди назарраси ҳамкорӣ, ки дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва Иттиҳоди байнибонкии Созмони Ҳамкории Шанхай сурат мегирад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Қаноатмандӣ, аз ҷумла аз ҳамкории ин бонк бо Бонки миллӣ ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» изҳор карда шуд.

Тавре зикр гардид, барои ғанӣ гардонидани сандуқи қарзии БДАТ «Амонатбонк» аз ҷониби Бонки давлатии рушди Хитой дар ҳаҷми 20 миллион доллари амрикоӣ ва 33 миллион юани хитойӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо гардидааст.

Доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ барои сармоягузории лоиҳаҳои зиёди судбахш дар бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон тавофуқот ҳосил шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот созишномаи сеҷонибаи қарзӣ миёни Ширкати муштараки «Зарафшон», Бонки давлатии рушди Хитой ва Ширкати саноати кӯҳкории «Зиҷин» ба имзо расид. Тибқи ин санад аз ҷониби Бонки давлатии рушди Хитой ба Ширкати саноати кӯҳкории «Зиҷин» барои тавсиаи фаъолияти Ширкати муштараки «Зарафшон» 140 миллион доллари амрикоӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо карда мешавад.

www.prezident.tj