Суҳбати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Рут Дрейфус

№58-59 (3043-3044) 17.05.2013

Рут Дрейфус

Нимаи дуюми рӯзи 15 майи соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Комиссияи байналмилалӣ бар зидди ҳукми қатл, собиқ Президенти Конфедератсияи Швейтсария хонум Рут Дрейфусро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ аз таъин ва татбиқи ҳукми қатл баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки дар Тоҷикистон доираи таъин ва татбиқи ҳукми қатл солҳои 1998 ва 2003 хеле маҳдуд гардида, аз соли 2004 ба ин сӯй ба ин кор мораторий эълон карда шудааст. Ба ин тартиб, аз соли 2004 то имрӯз дар Тоҷикистон ҳукми қатл умуман таъин ва татбиқ нашудааст. Аз моҳи марти соли 2005 ба ҷойи ҳукми қатл ҷазои якумра маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда мешавад.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки аз моҳи апрели соли 2010 дар Тоҷикистон доир ба зарурати берун кардани ҳукми қатл аз қонунгузории кишвар Гурӯҳи корӣ фаъолият дорад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки давлати Тоҷикистон мавқеи ниҳойии худро доир ба ин масъала дар асоси хулосаҳои ин Гурӯҳи корӣ, ки бо назардошти афкори ҷомеа ва таҷрибаи ҷаҳонӣ бароварда мешавад, муайян хоҳад кард.

Хонум Рут Дрейфус чунин таъкид дошт: «Тоҷикистон доир ба ин масъала дар роҳи дуруст қарор дорад» ва пурра бекор шудани ҳукми қатл дар ин кишвар дар ояндаи наздик ҳалли ниҳойии худро меёбад».

Ӯ ҳамчунин чунин изҳор дошт: «Конфедератсияи Швейтсария ва дигар давлатҳою созмонҳои шарик ба Тоҷикистон дар ин масир кӯмак мерасонанд».

www.prezident.tj