Таъиноти кадрӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ

№88 (3073) 17.07.2013

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 16 июли соли 2013 як зумра кадрҳои мақомоти корҳои дохилии ба вазифаҳои нави роҳбарӣ пешбаришударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба нафъи халқу Ватан, давлату миллат ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ адо намудани қарзи муқаддаси ватандорию давлатдорӣ ҳидоят намуд.

Тавре сомонаи расмии ВКД хабар медиҳад, бо фармони вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов полковники милитсия Алиев Анвар Ҷумаевич сардори Раёсати амнияти дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон; полковники милитсия Назаров Қудратулло Бобоевич сардори Раёсати кофтукови ҷиноии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон; подполковники милитсия Ашӯров Абдуҷалил Халилович сардори ШВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе; полковники милитсия Мирзоев Абдураҳим Қурбонович сардори ШВКД дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон; полковники милитсия Давлатов Раҳмонқул Қобилович сардори ШВКД дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд таъин гардиданд.