Мулоқотҳои Пешвои миллат бо роҳбарони олимақоми давлатҳои аъзои ИДМ

№118 (3912) 29.09.2018

27-28 сентябри соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо чанд тан аз меҳмонони олимақом суҳбат оростанд.

Зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков масоили рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, илмӣ, техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлати ҳамсояро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон карданд, ки мулоқоти онрӯза боз як қадами муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба пешбурди муносибатҳои накуи ҳамсоягии Тоҷикистону Қирғизистон хоҳад буд.

Сарони давлатҳо барои густариши муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, афзоиши гардиши мол, истифодаи имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои обию энергетикӣ, татбиқи саривақтии лоиҳаи бузурги дорои аҳамияти минтақавӣ — «СASA-1000», таъсиси механизмҳои муштарак барои коркарди меваю сабзавот ва таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия, фаъол гардонидани нақши Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаро амри муҳим маънидод карданд.

Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳар чӣ зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин дигар масъа­лаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

44915570672_0a1e28e512_oМулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» баргузор гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Арманистонро, ки бори аввал ба Тоҷикистон ташриф овардааст, хайрамақдам гуфтанд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, мошинсозӣ, саноати кӯҳию нассоҷӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, воридоти технологияи муосир дар саноати сабук, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди сангҳои қиматбаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, технологияҳои телекоммуникатсионӣ, пешниҳоди хизматрасонии молиявию бонкӣ, идораи бахши энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илму маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ низ зарур шумурда шуд.

Ҳар ду ҷониб оид ба муборизаи муштарак бар зидди терроризми байналхалқӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир табодули андеша карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон Сарвазири Арманистонро даъват намуданд, ки дар вақти барояшон мусоид ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф оранд.

44051400375_2a69586556_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нурсултон Назарбоевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таъкид доштанд, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосӣ мебошад ва Тоҷикистон барои идомаи муколамаи созандаи шарикии стратегӣ манфиатдор аст.

Ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкорию ҳамгироии давлатҳо дар чаҳорчӯбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ ва итминон намуданд, ки натиҷаҳои ҷаласаи Шӯро дар таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши кишварҳо омили таконбахш хоҳад гардид.

Қайд гардид, ки Қазоқистон дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон мақоми хоса дорад ва дар байни шарикони тиҷоратӣ аз рӯи ҳаҷми гардиши мол дар ҷойи дуюм қарор гирифтааст.

Фаъолияти пурсамари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва имзои Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои соҳибкорӣ дар татбиқи мувофиқаҳои бадастомада ва санадҳои имзошуда назаррас маънидод гардид.

Рушди ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармояи қазоқистонӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ — гуманитарӣ, маориф, таъсиси квотаҳо барои донишҷӯёни ду кишвар аз самтҳои афзалиятноки муносибатҳо арзёбӣ карда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, муборизаи муштарак бо таҳдиду хатарҳо, аз ҷумла, бо терроризм, экстремизм, радикализми динию сиёсӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллии муташаккилро баррасӣ карданд.

30030945037_53cd2d7ab3_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин вазъ ва дурнамои муносибатҳои неку шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россияро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.

Президенти Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил кардани Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ ва меҳмоннавозии самимии тоҷикона изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон таъкид доштанд, ки ҷониби Тоҷикис­тон ба рушду густариши бештари ҳамгироӣ бо Федератсияи Россия ҳавасманд аст ва онро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики калидию стратегӣ медонад.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноати кӯҳию металлургӣ, кишоварзӣ ва фарҳангу маориф зоҳир карда шуд.

Аз афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷонибҳо барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарурати иҷрои саривақтии қарорҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид карданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаи афзун гардондани ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва таҳияи механизми маблағгузории корҳои таъсиси марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Муҳимияти рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф махсус таъкид карда шуд.

Зикр гардид, ки доираи илмию фарҳангии ду давлат ҳамкории пайваста доранд ва мунтазам дар чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангии муштарак иштирок менамоянд. Омодагии ҳар ду ҷониб барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия моҳи октябри соли равон таъкид гардид.

Ба рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Сарони давлатҳо доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ — техникӣ, ки низ самти калидии ҳамкории Тоҷикистон ва Россия ба ҳисоб мераванд, табодули афкор ва рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳоро дар мубориза ба зидди зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

www.president.tj