Мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Индонезия

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

Дуюми августи соли 2016 дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Демок­ратии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ мулоқот намуд.

Зимни суҳбати самимӣ масоили вобаста ба рушду тавсеаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Шри Ланка дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани самтҳои наву ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидро­энергетика, хусусан бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, коркарди муштараки канданиҳои фоиданоки табиии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои бисёр­ҷанбаи илмию фарҳангӣ табодули афкор намуданд.

Мусоҳибон, ҳамчунин зарурати муштаракоти дуҷониба ва бисёрҷонибаи давлатҳои худро дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ таъкид карданд.

Ҷонибҳо суҳбату дидори самимии онрӯзаро ҳамчун иқдоми муҳим ва саривақтӣ ҷиҳати муҳокимаи масъалаҳои вобаста ба вазъу дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Шри Ланка арзёбӣ намуданд. Дар шаҳри Ҷакарта, инчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз сатҳи ҳамкории судманди Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд изҳори қаноатмандӣ карда, дар заминаи ҳамгироии исломӣ барои густариши робитаҳои манфиатбор омодагии ҷониби кишвари моро таъкид намуд.

Аз ҷониби Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ иқдоми муҳими таҳкимбахшандаи ҳамёрии дуҷониба арзёбӣ шуд.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти нақши муҳими Бонки исломии рушд дар маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки ба рушди минтақавии кишвари мо мусоидат менамояд, Ҳукумати Тоҷикистон ба Бонки исломии рушд барои солҳои 2016-2018 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт 9 лоиҳаи афзалиятнокро муайян намуда, таҳкими муштаракоти дуҷонибаро дар доираи «Барномаи махсуси Бонки исломии рушд барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2016-2020» муҳим ва саривақтӣ меҳисобад. Таъсиси Фонди ҳаёт ва маблағҳо барои ҳаёт, ки аз ҷониби Бонки исломии рушд ва дигар фондҳои шарик бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни давлатҳои аъзои бонк таъсис дода шудааст, дар шароити таъсири ногувори буҳрони молиявӣ ба иқтисоди ҷаҳон иқдоми муҳим арзёбӣ шуд. Доир ба идомаи ҳамкорӣ дар сохтмон ва навсозии қитъаҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Кулма таклифу пешниҳодоти судманд баён карда шуд.

Ҷонибҳо ба таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои наву афзалиятнок, аз ҷумла мусоидат ба раванди барқарорсозии оқибати офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, рушди шабакаҳои коммуникатсионӣ, бунёд ва навсозии роҳҳои автомобилгард, рушди истеҳсолот, соҳибкории хурду миёна ва сайёҳӣ табодули афкор намуданд. Дар шаҳри Ҷакарта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Тун Абдул ­Раззоқ мулоқот кард.

 

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуда, мақоми хоса доштани ҳамёрӣ бо Ҷумҳурии Малайзия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.

Мулоқоту машваратҳои сатҳу зинаҳои гуногун дар доираи баргузории Форуми XII умумиҷаҳонии иқтисодии исломӣ имконияти мусоид барои таҳкими ҳамгироиҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишвари мо бо Малайзия ва дигар давлатҳои минтақа маънидод шуд.

Ҷонибҳо барои тақвият бахшидани ҷанбаи амалии ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсис додан ва ба роҳ мондани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикис­тон ва Малайзияро иқдоми муҳим арзёбӣ намуданд.

Мусоҳибон барои афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия, ҷалби доираи соҳибкории ин давлат барои амалисозии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии «Шӯроб», ки дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи Малайзия пешбинӣ шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои маориф ва сайёҳӣ, инчунин ба роҳ мондани хатсайри мус­тақими ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Малайзия аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия арзёбӣ шуд.

Ҳар ду ҷониб баҳри таҳкими ҳамдастӣ дар мубориза алайҳи зуҳуроти номатлуби асри нав, аз қабили терроризму экстремизми байналмилалӣ омодагию ҳавасмандии худро изҳор дошта, таъкид намуданд, ки муборизаи дастаҷамъона бо ин зуҳуроти харобиовар на танҳо заминаи рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои мусалмониро фароҳам меорад, балки барои ҳифзи симои поки дини мубини ислом дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.

Дар мулоқот, ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо баррасӣ шуданд.

www. president. tj