Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Алексей Оверчук

№99 (4205) 15.08.2020

117767772_4219456898124464_3665823332639542500_o13 августи соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Алексей Оверчукро ба ҳузур пазируфтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъин гардидани Алексей Оверчук ба ҳайси ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти фаъолияти ҳамоҳангшуда ва самараноки ин механизми муҳими танзиму пешбурди муносибатҳои ҷонибҳоро дар самтҳои гуногуни ҳамкориҳо таъкид карданд.

Сипас, масоили марбут ба ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Таъкид гардид, ки масоили вобаста ба таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанба бо шарики калидии стратегӣ — Федератсияи Россия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҷойгоҳи хоса доштанд ва хоҳанд дошт.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикис­тону Россия ва зарурати идомаи талошҳоро ҷиҳати тавсеа бахшидан ба ҷанбаи тиҷоративу иқтисодӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.

Соҳаҳои энергетика, коркарди маъданҳо, комплекси агросаноатӣ ва дигар бахшҳои воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд.

Ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардуми ҳар ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъмини муассисаҳои таълимии Тоҷикис­тон бо омӯзгорони забони русӣ, китобу воситаҳои таълимӣ, инчунин, дар кишвар тавсеа бахшидан ба шабакаҳои макотиби таҳсилоти миёна ба забони русӣ ҳамчун масъалаҳои ­мубрами рӯз қайд гардиданд.

www.president.tj