Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Бандар Ҳамза Ҳаҷҷар

№109 (3746) 13.09.2017

37013753072_45c172762e_o12 сентябри соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Исломии Рушд Бандар Ҳамза Ҳаҷҷарро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории имрӯза ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкории созандаи дуҷониба дар давоми 20 сол дар самти татбиқи як қатор лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои маориф, тандурустӣ, энергетика, нақлиёт, обёрӣ ва заминсозӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.

Таъкид гардид, ки аз оғози ҳамкорӣ бо бонк маблағи зиёда аз 335 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок равона гардидааст. Айни ҳол, дар кишвар ба маблағи зиёда аз 173 миллион доллари амрикоӣ 7 лоиҳаи сармоягузорӣ дар самти маориф, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, энергетика, обёрӣ намудани заминҳо ва нақлиёт амалӣ шуда истодааст. Соли ҷорӣ аз тарафи Бонки Исломии Рушд ду лоиҳаи дигар — сохтмони ду қитъаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб — Қалъаихумб ва лоиҳаи беҳтар намудани хадамоти саломатии модар ва кӯдак ҷонибдорӣ гардид.

Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳои татбиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030»- ро, ки бо мақсади густариши рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар қабул гардидааст, баррасӣ намуданд.

Дар суҳбат омодагии Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои Бонки Исломии Рушд, алалхусус, «Барномаи махсус барои Осиёи Миёна барои солҳои 2016 — 2020» ва «Фонди ҳаёт ва воситаҳои ҳаёт» таъкид карда шуд.

www.president.tj