Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Дмитрий Медведев

№68 (3862) 02.06.2018

28596800258_ac6940dc6f_o31 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, ки бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дӯстиву равобити мутақобилан судманди Тоҷикистону Россия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти аҳамияти шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таъкид карданд, ки рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Россия аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Президенти мамлакат ҳалли муштараки як қатор масъалаҳои мубрамро дар бахши ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ омили муҳими таҳкими муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ намуданд. Дар ин робита қайд карда шуд, ки «инкишофи минбаъдаи ҳамкории тарафҳо дар ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷаро касб менамояд».

Мавриди зикр аст, ки имрӯз Федератсияи Росия дар самти шарикии тиҷоративу сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф аст. Дар соли 2017 гардиши мол байни ду кишвар беш аз нуҳсад миллион доллари америкоиро ташкил карда буд.

Ҷонибҳо барои таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои инвес­титсионӣ дар бахши иқтисодиёти Тоҷикистон, васеъ кардани ҷуғрофияи робитаҳои байниминтақавӣ, татбиқи саривақтии қарорҳои қабулкардаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодиро зарур маънидод карданд.

Дар мулоқот, ҳамчунин яке аз бахшҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба — муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла сода кардани қоидаҳои будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷалби муташаккилонаи онҳо ба бозори меҳнати Россия баррасӣ гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуманитариро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати андешидани тадбирҳои муштараку самараноки минбаъдаро дар ин самт махсус таъкид карданд.

Таваҷҷуҳи махсус ба фароҳам овардани шароити мусоиди фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон ба таълим бо забони русӣ, бахусус ҷалби ҷавонони тоҷик ба донишгоҳҳои Россия ва дар доираи татбиқи созишномаҳои қаблан имзошуда афзоиш додани шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, равона шуд. Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар ин самт бояд раванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд кардани панҷ мактабе, ки дар онҳо таълим бо забони русӣ амалӣ мешавад, аз ҷониби Россия ҷоннок карда шуда, шумораи муаллимони забони русии ба Тоҷикистон фиристодашаванда афзун гардад.

ҳамчунин, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи амният самти афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба маънидод карда шуд. Дар ин самт таваҷҷуҳи махсус ба мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир равона гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои хуби ҳамкории муштаракро дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории тарафайнро дар соҳаи амният зарур шумурданд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагиро баҳри рушди минбаъдаи ҳамкории Тоҷикистону Россия дар чаҳорчӯбаи шарикии стратегӣ ба манфиати ҳар ду кишвар донистанд.

 www.president.tj