Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Халил Иброҳим Акча

№47 (3841) 17.04.2018

40601214535_17e15341cc_o16 апрели соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҷаласаи 23 — юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дабири кулли ин созмон Халил Иброҳим Акчаро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Халил Иброҳим Акчаро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, бинобар анҷоми давраи фаъолият ба ҳайси дабири кулл, барои саҳми пурмаҳсул дар пешрафти кори созмон изҳори сипос намуданд.

Ҷонибҳо саҳми арзандаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва кишварҳои аъзоро дар таъмиқ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар арсаи рушди иқтисодӣ ва рифоҳи иҷтимоӣ дар минтақа баланд арзёбӣ карданд. Инчунин, зикр гардид, ки Тоҷикис­тон ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт ва коммуникатсия аҳамияти махсус зоҳир менамояд.

Зимни мулоқот оид ба аҳамияти санади «Диди Созмони ҳамкории иқтисодӣ — 2025» ва ҳадафу вазифаҳои асосии «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то давраи соли 2030», ки соҳаҳои асосии ҳамкорӣ — тиҷорат, нақлиёт, энергетика, туризм, рушди иқтисодӣ ва маҳсулнокӣ, рифоҳи иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар бар гирифта, бо ҳам тавъам мебошанд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин масъалаҳои баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба хотири қонеъ намудани талаботи афзоишёбанда ба энергияи электрикӣ дар минтақа баррасӣ шуд. Истифодаи зарфиятҳои бузурги рушди туризм дар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар Тоҷикистон бар нафъи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ муҳим арзёбӣ гардид.

Зимни баррасии масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ, равобит ва саъю талоши муштарак баҳри рушди тиҷорати минтақавӣ, истиқрори сулҳу субот ва амният дар кишвари ҳамсоя, ҷалби бештари Афғонис­тон ба лоиҳаҳои минтақавӣ ва фароҳам сохтани шароити мусоиди рушди иқтисодиву иҷтимоии он зарур шумурда шуд.

www.president.tj