Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Одри Азуле

№136 (4086) 12.11.2019

49034263156_ea8752f34f_o8 ноябри соли 2019 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо директори кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле мулоқот карданд.

Зимни суҳбат масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди бонуфузи Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти ЮНЕСКО барои густариши ҳамкорӣ бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф изҳори сипос намуданд.

Баъд масъалаҳои ҳифзу гиромидошти мероси гаронбаҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик, ба рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид кардани номгӯйи мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон, воқеъ дар Роҳи бузурги абрешим, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ, минҷумла, забон, фарҳанги куҳантаърихи миллат ва анъа­наву суннатҳои неки ниёкон аҳамияти басо муҳим касб кардааст.

Ҷонибҳо ҳадафи аслии ҳамкориро мусоидат ба таҳкими сулҳу субот ва рушди устувори кишварҳои аъзои Созмон аз ҳисоби густариши робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг маънидод намуданд.

Зикр шуд, ки то ба ҳол номинатсияҳои «Шашмақом», «Наврӯз» ва «Чакан» (санъати гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидаанд ва Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасмим гирифтааст, ки соли 2020-ум 5500-солагии шаҳри қадимаи Саразмро, ки соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ­ЮНЕСКО ворид шуда буд, таҷлил намояд.

Тарафҳо, ҳамчунин, лоиҳаҳои мансуб ба татбиқи нақшаи ҷалби сайёҳон ба кишварҳои минтақа, алалхусус, Тоҷикистон, муаррифии шоистаи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии кишвари мо, ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла, мусоидати ЮНЕСКО оид ба таҳияи стратегияи рушди таҳсилот ва такмили усулҳои омодасозии омӯзгоронро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Директори кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо дар доираи барномаҳои махсуси ЮНЕСКО оид ба омӯзиши пиряхҳо ва обистифодабарӣ, ҳамчунин, захираҳои биосфера, тақвият бахшида шаванд.

Дар робита ба ин, атрофи мушкилоти рӯзмараи ҷаҳонӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва пайомадҳои манфии он, мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар фарҷом Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз директори кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояш муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оранд.

www.president.tj