Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо хонум Пратибҳа Меҳта

№39 (3676) 13.04.2017

33813305902_c5bc6e51b1_o11 апрели соли 2017 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари нави Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид хонум Пратибҳа Меҳтаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз солгарди 25 — уми узвияти кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ зикр карданд, ки нақши ниҳодҳои Созмон, аз ҷумла Барномаи рушди он, дар раванди истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти таърихӣ дорад.

Хонум Пратибҳа Меҳта ба ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра баҳои баланд дода, мавқеи устувор ва нақши пешсафию пешоҳангии Сарвари давлати Тоҷикистонро дар татбиқи барномаи Ҳадафҳои рушди ҳазорсолаи Созмони Милали Муттаҳид махсус қайд кард.

Таъкид гардид, ки айни замон дар Тоҷикистон 23 бунёд, барнома ва муассисаи махсуси Созмон амал мекунанд ва меҳвари фаъолияти онҳоро татбиқи лоиҳаву барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии ба таъмини рушди дарозмуддату устувори кишвари мо нигаронидашуда ташкил медиҳад.

Дар доираи ҳамкории суд­манд аз тариқи Барномаи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дастгирии рушд — ­ЮНДАФ ба Тоҷикистон барои панҷ соли оянда 363 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

Дар робита ба вазъи ногувори обхезӣ, селу ярч ва тармафароӣ дар баъзе минтақаҳои кишвар, ки ба талафоти ҷонӣ ва хисороти зиёди моливу моддӣ боис мегардад, таклиф шуд, ки нисбат ба пешгирии офатҳои табиӣ сиёсати таҳкими иқтидори миллӣ таҳия ва татбиқ карда шавад.

Ҳамчунин, масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва дастрасии умум ба неруи барқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар бахши маориф, барои татбиқи ислоҳоти соҳа, сохтмону ба истифода додани муассисаҳои иловагии таълимӣ ва баҳри таъмини аҳолӣ бо сатҳи баланди хизматрасониҳои таълимӣ мусоидати Барномаи рушд зарур дониста шуд.

www.president.tj