Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Лилия Бурунчук

№55 - 56 (3692-3693) 20.05.2017

33905535213_7dcdb10fc8_oҲабдаҳуми майи соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори кишварии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ хонум Лилия Бурунчукро ба ҳузур пазируфтанд.

 Дар ҷараёни мулоқот самт ва имконоти нави густариши ҳамкорӣ баррасӣ гардида, Намояндаи нави доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс муаррифӣ шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», лоиҳаи обтаъминкунии шаҳри Душанбе, инчунин арзёбӣ ва баррасии ҳолати пешгирии офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунии дарёҳои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд.

Ҷонибҳо таъсири омилҳои манфии беруна ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, «Барномаи нави шарикӣ бо Тоҷикистон» ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» — ро баррасӣ карда, афзалиятҳои ҳамкории минбаъдаро мушаххас намуданд.

Таъкид шуд, ки афзоиши маблағҳои грантии Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи ҳадафҳо дар соҳаҳои энергетика, рушди инфрасохтор, истеҳсолоти кишоварзӣ, дастгирии Буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ метавонад омили муҳими таъмини рушди устувор бошад. Ҳамкорӣ дар бахши хусусӣ, инфрасохтори саноатӣ ва иҷтимоӣ, дастгирии бахши кишоварзӣ, афзоиши содирот, ташкили ҷойҳои нави корӣ, тақвият бахшидани неруи инсонӣ барои таъмини босифати пешрафти иқтисодӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ зарур дониста шуд.

Таҷдиду тармим ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ва тақвияти дигар самтҳои ҳамкории минтақавӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқот буд, ки оид ба амалигардонии онҳо низ таклифҳои судманд пешниҳод гардид.

www.president.tj