Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мануэл Загер

№108 (4058) 07.09.2019

48687309932_2f3922afcc_o6 сентябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии ­«Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загерро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгирии пайвастаи Конфедератсияи Швейтсария, ки тавассути фаъолияти самарабахши Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ амалӣ мегардад, изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои таъмини об ва беҳдошт, тағйирёбии иқлим, маориф, тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ, волоияти қонун, рушди бахшҳои воқеии иқтисод ва хусусиро низ баррасӣ намуданд.

Ҳавасмандии ҳар ду ҷониб оид ба густариши робитаҳо дар татбиқи лоиҳаҳои соҳавӣ, тавсеаи тиҷорат, сармоягузорӣ, такмили низоми бонкии кишвар, ифтитоҳи корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, аз ҷумла дар бахшҳои гуногуни саноат, таъкид гардид.

Аз ҳамкории ҳар ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ниҳодҳои молиявии Бреттон — Вудс, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки таҷдид ва рушди Аврупо, изҳори қаноатмандӣ гардида, ҷоннок намудани фаъолияти кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ зарур шумурда шуд.

Тарафҳо, ҳамчунин, масъалаи ҳамкории зичу пурсамари ҳукуматҳоро оид ба муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти харобиовар — терроризм, ифротгаройӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

www.president.tj