Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Масум Станикзай

№54 (3691) 18.05.2017

33900335113_3f6aabc0dc_o17 майи соли равон дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Раёсати амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Масум Станикзайро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози суҳбат таъкид шуд, ки ҳамсоягиву дӯстии бардавом маҳаки муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Афғонистонро ташкил медиҳанд ва ҳамкории гуногунҷанба бо Афғонистон дар феҳристи авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.

Ҷонибҳо ҷанбаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла тақвияти муборизаи муштарак ва беамон алайҳи терроризму ифротгаройӣ, маводи мухаддир ва ҳамдастии босамар дар самти таҳкими низоми ҳифзи марзҳои байнидавлатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот доир ба тарҳрезии иқдомоти ҷиддӣ ва муассир барои таҳкими ҳамкории наздисарҳадӣ, тақвияти иқтидори неруҳои марзбонӣ, ҳамоҳангии бештари неруҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини амнияти миллии ҳамсоякишварҳо, таҳкими робитаю ҳамкории ниҳодҳои амниятӣ дар марҳалаи мураккаби афзоиши хатари терроризму экстремизми байналмилалӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор дар минтақа ва ҷаҳон табодули судманди афкор сурат гирифт.

 www.president.tj