Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Навоз Шариф

№ 06.03.2017

MNK_5296 - копияЯкуми марти соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф мулоқот намуд.

Аз фурсати муносиб барои суҳбати самимӣ изҳори хушнудӣ карда, ҷонибҳо вазъи кунуниву дурнамои муносибатҳои гуногунҷанба ва масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минтақавию байналмилалии Тоҷикистону Покистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Аз рушду тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва таъкид гардид, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду кишвари дӯст дар ҳама арса ва соҳа ба ҳисоб мераванд.

Ҷонибҳо доир ба иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти барқи баландшиддати CASA -1000, ҷалби имкониятҳои сармоягузории Покистон ба лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ, инфрасохторӣ, нақлиётӣ ва транзитии Тоҷикистон ва рушди тиҷорати байни Тоҷикистону Покистон бо истифода аз долони иқтисодии Чину Покистон фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Покистон дар чаҳорчӯбаи созмонҳои ҷаҳонию минтақавӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Созмони Ҳамкории Исломӣ баҳои баланд дода шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, масоили ҳамкориҳои сохторҳои қудратӣ, ниҳодҳои мудофиавӣ ва хадамоти амниятии Тоҷикистону Покистон, иштироки фаъол дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва мусоидати бештар ба таъмини сулҳу амният дар кишвари Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

www.president.tj