Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Николай Патрушев

№131 (4081) 31.10.2019

48985496702_c85aefde14_o30 октябри соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушевро ба ҳузур пазируфтанд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карданд, ки таъмини амнияту суботи умумӣ яке аз бахшҳои калидии ҳамгироии Тоҷикистону Россия мебошад ва дар ин ҷода ҳамкории мо ба таври матлуб рушд карда истодааст.

Таъкид гардид, ки танҳо бо талошҳои муштарак мо метавонем дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, ифротгаройии динӣ, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, қочоқи маводи нашъаовар ва дигар таҳдидҳо ба натиҷаҳои назаррас ноил гардем.

Қайд карда шуд, ки барои мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ҳалли мушкилоти амниятии минтақавӣ, пурзӯр кардани иқтидори мудофиавии неруҳои сарҳадии Тоҷикистон, вобаста ба таҳдиди хатар аз ҷониби Афғонистон, бояд тадбирҳои дастаҷамъона андешида шаванд. Дар ин самт ҳамкорию ҳамгироии шӯроҳои амниятии ҳар ду кишвар зарур шумурда шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкориро дар чаҳорчӯби Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай мавриди баррасӣ қарор доданд.

Масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории низомӣ, ҳарбӣ — техникӣ ва таҳкими робитаҳои байни сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумлаи масъалаҳои дигари ин суҳбат буданд.

www.president.tj