Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лавров

№15 (3965) 07.02.2019

46265786314_9384428620_o5 феврали соли 2019 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавровро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат маҷмӯи васеи масоили вобаста ба ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки рушди мунтазами муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад.

Ҳалли масъалаҳои байниминтақавии тиҷоратӣ — иқтисодӣ, таҳияи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, ҷалби технология барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар заминаи ашёи хом, коркарди нахи пахта, меваю саб­завот, маҳсулоти чорво, азхудкунии неъматҳои табиӣ, афзоиши содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба бозорҳои Россия, баррасии масъалаҳои ташкили марказҳои нақлиётӣ — логистикӣ аз самтҳои муҳиму ояндадори равобити ду кишвар номида шуданд.

Дар робита ба масъалаҳои ҳамгироии сиёсӣ, амнияти минтақавӣ, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникӣ, мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, қочоқи маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, вазъи мураккаби сиёсӣ дар Афғонистон, ҳифзи сарҳади давлатӣ, татбиқи «Барномаи модернизатсияи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон» гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, аз ҷумла, сохт­мони мактабҳои омӯзиши забони русӣ, ҷалби омӯзгорони рус ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дуҷонибаи минтақавию байналмилалиро баррасӣ намуданд.

www.president.tj