Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сергей Лебедев

№117 (3911) 27.09.2018

44878065402_173a371a75_o26 сентябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои ­Мустақил Сергей Лебедевро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки дар давраи раёсат дар ИДМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои консепсияи Иттиҳод фаъолона мусоидат намуда, дар рушди ҳамгироии давлатҳо нақши назаррас ­гузошта истодааст.

Ба нақши Тоҷикистон дар давраи раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушду тавсеаи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиёт ва инфрасохтори соҳа, муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ ва гуманитарӣ баҳои баланд дода, ҷонибҳо саҳми онро дар таҳкими ҳамгироии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар соҳаи ҳарбӣ, ҳарбӣ — техникӣ, ҳамкории сохторҳои қудратӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва таъмини амнияту бехатарӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Сергей Лебедев ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ИДМ доир ба марҳилаи сеюми «Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ барои давраи то соли 2020», муқаррароти Шартнома оид ба минтақаҳои озоди тиҷоратӣ ва ҷонибдорӣ аз ташаббуси Кумитаи иҷроияи ИДМ вобаста ба эълон намудани шаҳри Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Тарафҳо, ҳамчунин, дигар масъалаҳои марбут ба ҳамгироии давлатҳои аъзои Иттиҳод барои давраҳои ояндаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

www.president.tj