Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Шиксин Чен

№71 (4021) 20.06.2019

48079714127_6c7f59ff0c_o17 июни соли ҷорӣ дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби Президенти Бонки рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидору вохӯриро иқдоми муҳим дар таҳкими робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки рушди Осиё маънидод карданд.

Ҷонибҳо барои рушди соҳибкорӣ ва беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон таҳкими ҳамкориро дар доираи зербарномаи сеюми «Барномаи ислоҳоти фазои сармоягузорӣ» зарур шумурданд.

Таъкид гардид, ки дар солҳои ҳамкорӣ Бонки рушди Осиё наздики 1,8 миллиард доллари америкоиро ҳамчун қарзи имтиёзнок, грант ва кумаки техникӣ ҷудо кардааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон равона шуд.

Зимни мулоқот, инчунин татбиқи 16 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди шаҳрҳо баррасӣ гардид.

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори рушди бахши хусусӣ, махсусан, соҳибкории истеҳсолӣ ва пешрафти ҳамкории минтақавӣ, таҷдиду сохтмони иқтидорҳои истеҳсолкунанда, хатҳои интиқоли барқ, рушди нақлиёт ва инфрасох­тори роҳ, аз ҷумла, роҳи оҳан, зарур шумурда шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок, аз қабили расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

www.president.tj