Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сирил Мюллер

№139 (3933) 17.11.2018

44990262295_8c0221b431_o16 ноябр дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарки муҳимияти бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳқиқоти шаффоф ва ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории судманд, дастгирии молиявӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор, самтҳои мухталифи рушд, амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро баррасӣ карда, натиҷаҳои онро баланд арзёбӣ намуданд.

Айни ҳол бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, нақлиёт, экология ва дигар соҳаҳо мавриди татбиқ қарор дорад.

Ҳамчунин, дар суҳбат дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ шуданд.

www.president.tj